Ду сокини Хистеварз зери бетони бинои харобшуда ба ҳалокат расиданд (аудио)

Ду сокини кӯчаи ба номи Додо Зокирови ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф ҳангоми кор дар як бинои хароба зери девори бетонӣ монда, ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ин ҳодиса рӯзи 31-уми октябри соли равон рух додааст.

Тибқи маълумоте, ки Pressa.tj ба даст овард, ин ду нафар, ки яке 43 ва дуюмӣ 35 сол доштааст, чун коргари кироя вориди иншооти бекорхобидае, ки ба ҶДММ “Асрор” мансуб будаву дар қаламрави ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом ҷойгир мебошад, ворид шудаанд. Ин бино қаблан корхонаи тавлиди равған будааст. Ҳангоми вайрон намудани қисмати иншооти ёдшуда, ҳарду зери бетонпораҳо монда, ба ҳалокат расидаанд.

Сабаби ин ҳодиса дақиқ маълум нест. Вале, ба эҳтимоли зиёд, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои кор боиси марги онҳо гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *