развод

Маърифати исломӣ: Талоқи бе шоҳид равост?

Бо хоҳари шавҳарам ҷанҷол карда, ба хонаи падару модарам рафтам. Баъди се моҳ зани ҳеварам телефонӣ гуфт, ки шавҳарам ба хотири хоҳараш талоқи маро дода, ба Русия рафтааст. Аз байн чанд вақт гузашту он зан вафот кард. Шавҳарам аз Русия баргашт. Акнун вай талоқи додаашро ба гардан нагирифта, “ман ин гапро нагуфтаам” гуфта истодааст. Виҷдонам намебардорад, ки бо ӯ зиндагӣ кунам. Ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

САЛОМАТ, ноҳияи Вахш

Посух:

— Хоҳари азиз, масъалаи талоқ нозукиҳои зиёд дорад, аз ҳамин сабаб имкони яктарафа масъаларо дида, маслиҳати аниқ додан нест.

Беҳтараш шумо ҳамроҳи шавҳар ва хоҳаршӯятон ба раёсати фатво равед, то бо ҳар сеи шумо саволу ҷавоб карда, хулосаи дақиқ бароранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *