Маърифати исломӣ: Таяммум ба кӣ раво аст?
Узр дорам, пойи ростам мушкилӣ дорад ва бароям таҳорат кардан мушкил аст. Мегуфтед, ки таҳорати таяммум ба кадом тоифа одамон воҷиб аст, пеш аз ҳар намоз бояд ман таҳорат кунам ё ба як таҳорат ду намозро хондан мумкин аст? Ҷавобашро интизорам.
Абдусаттор УМАРОВ, ноҳияи Шаҳритус
Посух:
— Агар воқеан бо об таҳорат кардан ба саломатии шумо зарар расонад ва духтур манъ карда бошад, шумо метавонед таяммум кунед. Тариқи таяммум чунин аст. Аввал нияти таяммум карда, сипас бо гуфтани «Бисмиллоҳ» дастҳои худро як бор ба хок ва ё ба чизе, ки аз ҷинси хок бошад, зада, бо он рўи худро маҳс мекунед. Бори дувум низ дастҳои худро бар хок зада, аввал дасти рост ва баъдан дасти чапро маҳс мекунад. Ҳангоми таяммум кардан берун кардани соат, дастпона ва ангуштарин зарур буда, маҳс кардани ҷойи онҳо ва инчунин ҳилол кардани мобайни ангуштон лозим аст.
Шахсе, ки барои ғусл ва ё вузӯ об пайдо карда натавонад ва ё ин ки ба сабаби истифодаи об бемории ӯ зиёд шавад ва ё монеаҳои ҷиддӣ ба монанди душман, ҳайвонҳои даранда ва ғайра садди роҳ шаванд, метавонад ба чизҳое, ки аз ҷинси хок бошад, ният карда, таяммум намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ