Маърифати исломӣ: Тиловати Қуръон дар болои қабр
Тиловати Қуръон дар болои қабр ҷоиз аст? Хоҳиш мекунам, бо далелу бурҳон ба ин савол посух бигӯед.
УМЕД, шаҳри Душанбе
Посух:
— Аз дидгоҳи аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан мазҳаби ҳанафӣ савоби аъмол, аз ҷумла қироати Қуръон ба мурдагон мерасад ва дар номаи аъмолашон навишта мешавад. Аз ин рӯ, қироати Қуръон дар болои қабр ҷоиз аст.
Дар ин маврид аз Абдураҳмон ибни Ало ривоят аст, ки бобояш Лаҷлоҷ (р) пеш аз маргаш чунин васият кард: “Пас аз дафни ман назди сарам оятҳои аввал ва охири сураи “Бақара”-ро бихон, зеро ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки чунин мегуфтанд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ