Солимии меъдаю рӯда — омили асосии дарозумрӣ

Ба гуфти мутахассисон, дарозумрии инсон ба солимии меъдаю рӯда вобаста аст.

Олимон, ки даҳсолаҳо дар ҷустуҷӯи роҳҳои баргардонидани раванди пиршавӣ буданд, беш аз пеш боварӣ доранд, ки тарзи зиндагӣ омили асосии дарозумрӣ аст.

Новобаста аз он, ки чӣ қадар аҷиб садо медиҳад, нигоҳубини рӯдаҳо дар ин кор нақши муҳим мебозад. Маҳз ин узв ба мо дар мубориза бо микробҳои сершумори беморие, ки ҳар рӯз ба организми мо ҳамла мекунанд, кумак мерасонад.

Микробиомаи рӯда пеш аз таваллуд ташаккул меёбад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми пиршавӣ гуногунии микробҳо дар рӯда коҳиш меёбад. Ва баръакс, гуногунии микробҳое, ки дар микрофлораи рӯда зиндагӣ мекунанд, омили асосии дарозумрӣ ва пиршавии солим мебошанд.

Роҳи осонтарини дастгирии микробиома — хӯрдани он чизе, ки ба ӯ писанд аст. Олимон се гурӯҳи маҳсулотро ҷудо мекунанд:

Сабзавот. Махсусан, кабудиҳо: ҳама намуди салат, петрушка, карам ва ғайра. Онҳо дорои витаминҳои муайян мебошанд, ки ба афзоиши бактерияҳои солими рӯда мусоидат мекунанд.

Маҳсулоти ферментшуда. Хӯриш аз карам, занбурӯғи чой, кефир, йогурт — ҳамаи онҳо барои паст кардани сатҳи илтиҳоб дар организм ва нигоҳ доштани микрофлораи солим кумак мекунанд.

Пребиотикҳо. Маҳсулоти аз пребиотикҳо бой барои афзоиши шумораи бактерияҳо дар рӯдаҳо кумак карда, ба микробиома таъсири судманд мерасонанд. Инҳо маҳсулоти ширӣ, ферментшуда ва квас мебошанд. Пребиотикҳо микрофлораи муфидро ғизо медиҳанд, ҳамин тавр ба тақвияти системаи масунияти организм мусоидат мекунанд. Маҳсулоте, ки аз пребиотикҳо бой мебошанд — пиёз, сирпиёз, банан, себ, салатҳои баргӣ ва ғайра.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *