Маърифати исломӣ: Закоти моламро ба Фаластин фиристам
Дар манобеъи динӣ омадааст: “Закот ба касоне дода мешавад, ки Аллоҳ таъоло онро бо ояти зерин муқаррар кардааст: «Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст». (Сураи Тавба: 60).
Закот танҳо ба касе дода мешавад, ки мусулмон буданаш зоҳиран собит шуда бошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Муоз ибни Ҷабал ҳангоме, ки ӯро ба Яман фиристод, фармуд:
«Пас ба онҳо хабар бидеҳ, ки Аллоҳ бар онҳо садақаеро фарз кардааст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда, ба камбағалонашон дода мешавад».
Фақирону мискинон ҳар қадаре, ки парҳезгортару пуртоаттар бошанд, ҳамон қадар сазовортари закотанд.
Тибқи ҳадиси мазкур, асос дар закот ин аст, ки бояд он ба фақирони кишваре, ки мол дар онҷост, тақсим карда шавад. Бинобар ин, беҳтар аст, ки шумо закоти молатонро ба ҳамватанони мискини худ бидиҳед, авлотар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ