Маслиҳати хушдоман: Шахси меҳнатдӯст ҳеҷ гоҳ хор намешавад

Кадом сину сол аз назари шумо барои издивоҷ беҳтарин аст? Ба саволи мазкур модари азиз, аз ҷамоати Кабуд Сайфиддини ноҳияи Панҷ, Раҷабгул Саидова посух мегӯянд:

-Издивоҷро савдои умр мегўянд, барои ҳар як шахс умр ё ин ки ҳаёт беҳтарин гавҳар мебошад, аз ин рў, дар ин савдо эҳтиёт бояд шуд. Чун риштаи муқаддаси издивоҷ байни ду нафар баста мешавад, бояд онро эҳтиёт кард. Синну соли издивоҷро қонун муайян намудааст, вале ман чун як модар бар онам, ки бояд ҷавонон барои ба зиндагии мустақил қадам гузоштан тайёр бошанд.

Дар оилаҳои анъанавии тоҷикимардон ризқрасон ва занон нигаҳдорандаи гармии хонадон ҳастанд. Барои ҳамин ҷавонмардонро лозим аст, ки хонда соҳиби касбу коре гарданд, то фардо тавонанд оилаи худро ҳаматарафа таъмин намоянд. Хушбахтона, имрўз духтарон низ дар баробари писарон шомили донишгоҳҳо гашта, соҳиби касбу ҳунари дилхоҳ мешаванд, ки ин хеле хуб аст. Дар баробари соҳибдиплом будан духтаронро лозим аст, ки аз нозукиҳои ҳунарҳои занона, пухту паз, дўзандагӣ, дастархонороиву меҳмондорибароянд. Агар зан соҳиби касбу корест ва дар буҷаи оила баробари шавҳар ҳиссаи худро мегузорад, хуб аст, аммо чун кадбонуи хуб аст, нуран ало нур мешавад.

Писару духтар бояд ҳарду барои ба шоҳроҳи ҳаёти мустақил қадам гузоштан тайёр бошанд, барои ҳамин барвақт хонадор намудани фарзандон наметавонад ба онҳо ин фурсатро диҳад. Тарбияи меҳнатдўстиро фарзанд дар оила мегирад, аз ин рў, моро зарур аст, ки шараф будани меҳнатро ба эшон аз кўдакидар зеҳни онҳо ҷо кунем. Одами меҳнатдўст ҳеҷ гоҳ хор намешавад.

                                                             Сўҳбати Дилошӯб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *