Мария  ё Мория кист?

Масъулони Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Тоҷикистон мегӯянд, ки сарнавишти кӯдакони тоҷике, ки дар қаламравҳои зери назари ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор доранд, онҳоро ба ташвиш гузоштааст.

Ин ниҳод талош мекунад бо дарёфти ҳақиқати ҳол ба сарнавишти ин кӯдакон расидагӣ кунад.Гузориши шабакаи байналмилалии ТВ “Russia Today”, ки дар вебсайташ рӯзи 8 август нашр шуд, аз сарнавишти чанд фарзанди ятиммондаи аъзои собиқи “Гурӯҳи исломӣ” нақл мекунад. Аз ин кӯдакон, ки то 8-сола мебошанд, ҳамчун русзабон ва зодаи хонаводаҳои шаҳрвандони Шӯравии пешин ёд шудааст. Зоҳиран волидони ҳамаи онҳо кушта шудаанд. Яке аз кӯдакони маҷрӯҳ дар ин навор, ки зоҳиран 8-сола буда, худро бо исми Мария муаррифӣ кардааст, бо забони шикастаи русӣ гуфтааст: “Мушакборон хонаи моро хароб кард, ҳама аъзои оила кушта шуданд”. Мария дар сӯҳбат бо хабарнигор гуфтааст, ки волидонаш “аз Тоҷикистон ба Миср рафта”, худи ӯ дар ҳамин кишвар таваллуд шудааст. Баъди ин волидонаш ба Ироқ рафта, дар он ҷо боз соҳиби ду хоҳару як бародар шудаанд. Вале дар ниҳоят ҳамаи онҳо кушта шудаанд.То ҳол ҳуввияти Мария (Мория) ва ё ягон нафари ин кудакон,ки тоҷик бошанд, маълум нест.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *