Толеъномаи 10 август 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Барои он ки азоби бепулӣ накашед, бояд буҷаи худро боақлона тартиб диҳед. Комёбиҳои касбу кор ба вазъи молиявӣ таъсири хуб мерасонад, вале сарфакорӣ бояд дар мадди аввал қарор гирад. Ба коре, ки дар он сарфаҳм намеравед, машғул нашавед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштану бо нафарони бегона муноқиша карданатон имкон дорад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ба ташвишҳои дигарон кордор нашавед, вагарна дар мушкили онҳо дармемонед. Бо корҳои таъхирнопазир машғул шавед. Агар оиладор бошед, вақти бештари худро бо фарзандону ҳамсаратон гузаронед. Вазъи молиявиатон душвор мегардад. Рӯзҳои наздик пайдо намудани сарчашмаҳои нави даромадро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо корҳои оилавӣ ва рӯзгор машғул мешавед. Дар масъалаҳои молиявӣ истодагарӣ ва ҳисобу китоби дақиқ мебояд. Баъди нисфирӯзӣ вақту қувваи худро барои рафъ намудани мушкилоти атрофиён сарф карданатон лозим меояд. Даромади пулӣ дар назар нест.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ба тамоми мушкиливу душвориҳои дар ин рӯз ба саратон омада бо табассум назар намоед. Дар дунё мушкили ҳалношуданӣ вуҷуд надорад. Саратонҳои оиладор на танҳо хонаву дари худро обод месозанд, балки ба сафар низ мебароянд. Ба касе чизеро ваъда надиҳед, хоҳиши касеро рад накунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба рафтору гуфтори шумо ҳасад бурда, душманӣ мекунанд. Барои сафару корҳое, ки кӯшиши дастаҷамъонаро талаб мекунад, рӯзи номусоид аст. Эхтимоли бад шудани вазъи саломатиятон дар назар аст. Бо нафарони бегона муноқиша кардану ҷароҳат бардоштанатон имконпазир аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Мушкилоти ҳалношуда бо ҳамкорон ё шахси наздикатон вақту қувваи зиёдро мегирад. Эҳтимоли бад шудани вазъи саломатиятон дар назар аст. Сайругашт дар хавои тоза, сафарҳои дилхушкунандаву хушнудӣ ба саломатиятон фоида дорад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи бебарор аст. Аз рӯйи имон аз шиносоиҳои нав худдорӣ намоед. Барои он ки аз бадкирдориҳои душманон ва маслиҳатҳои ғалат эмин монед, дар масъалаи молиявӣ фаъол набошед, робитаро бо наздикон кам кунед. Эҳтимоли бад шудани вазъи саломатӣ дар назар аст. Яке аз ҳамкорон изҳори муҳаббат мекунад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ба ягон амали тақдирсозу муҳим машғул нашавед. Рӯзи хубест барои машварати ҳуқуқшинос, сафари хориҷа ва бастани шартнома. Нисбати нафаре, ки дӯсташ медоред, меҳрубону ғамхор бошед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли шамол хӯрданатон дар назар аст.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз хоҳиши ба дигарон кӯмак расониданро пайдо мекунед. Ин иқдоматон хуб аст, вале қувваи зиёдатонр  сарф мегардад. Барои он ки аз баландшавии фишори хун азият накашед, бояд дарҳол одатҳои бади худро партоед. Ба нафаре, ки аз шумо кӯмак мепурсад, рад накунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна ҳама корро аз нав оғоз карданатон лозим меояд. Бо шахси дӯстдоштаатон  ба ҳамдигарфаҳмӣ меоед, аз ин рӯ, саросема шуда дилозорӣ накунед. Дар масъалаҳои молиявӣ нақшаҳои худро аз нав тартиб доданатон лозим меояд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз масъалаҳои вобаста ба мерос ва хариди манзил хеле хуб анҷом меёбанд. Барои он ки корҳоятон ба таъхир наафтанд, ба ҳуқуқшиноси ботаҷриба муроҷиат кунед. Ба коре, ки дар он таҷриба надоред, маблағгузорӣ накунед. Бо вуҷуди ташвиқи дӯстатон ба чунин амал даст назанед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ин рӯзро барои рафъи корҳои хона гузаронед. Меҳнати ҷисмонӣ дар ҳавои тоза табъатонро болидаву фикрҳои мағшушро аз саратон дур месозад. Ҳутҳои муҷаррад чунон ошиқ мешаванд, ки одаму оламро фаромӯш мекунанд. Баъди нисфирӯзӣ аз ҷониби дӯсти дерин пайғом мешунавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *