«Маркази барқу гармидиҳӣ-2»-и Душанбе 1,1 млн. тонна ангишт захира мекунад

«Маркази барқу гармидиҳӣ-2″-и ҶСК «Барқи Тоҷик» барои гузаронидани фасли зимистон дар ҳаҷми 1,1 млн тонна ангишт захира менамояд

Бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани аҳолии пойтахт захираи ангишт барои эҳтиёҷоти филиали «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»-и ҶСК «Барқи Тоҷик» дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ҳаҷми 1,1 млн тонна муайян шудааст,

Қайд карда шудааст, ки бо мақсади таъмини талаботи «Маркази барқу гармидиҳӣ-2 бо ангишт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 кашонидан ва захираи ангишт идома дорад.

Захираи умумии ангишт то 1 октябри соли равон 852 ҳазор тонна ё 77,4 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон барои таъмини эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳӣ дар маҷмуъ 19,7 ҳазор тонна мазути камсулфур баробар ба 65,7 фоизи нақша захира шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *