Маркази гармидиҳии барқӣ-2. Фирдавсиро зимистони оянда ҳам гарм намекунад
20 сол пеш касе бовар намекард, ки рӯзе фаро мерасаду барои хонањои ба қавле «сексияњо» хати оби гарми дар замони шӯравӣ маъмул боз ба рӯзгорашон бармегардад. Он солњои душвори иқтисодию иҷтимоии баъди ҷанги шањрвандӣ тамоми соњањои хоҷагии халқ, аз ҷумла хоҷагии коммуналӣ, ки хонањои бисёрошёнаро бо оби гарм таъмин менамуд, фалаҷ гашта буд.
Шаҳрдории Душанбе: «Хатҳои обигармидиҳандаро барқарор кунед!»
Дар он айёми ноумедиҳо хатњои лӯлањои оби гарм фарсуда ё ба яғмо рафта, умеди мардум аз дигарбора барқарор карданҳо канда шуда буд. Мардум барои гарм кардани истиқоматгоњњояшон аз печкањои худсохти барқӣ ё баъдтар аз дастгоҳҳои барқии чинию эронӣ ва дигар воситањои гармидењ фаровон истифода бурда, лӯлањо ва радиаторҳо (батарейкањо)-и хонањоро канда, ба оњанпорањо табдил доданд. Дигар хоҷагиҳои коммуналӣ (жэкҳо) аз сокинон барои оби гарм маблағ ҷамъ намекарданд. Пайдо шудани кондинсионерњои гуногуни каммасраф аз ёди калонсолон воситањои гармидињандаи шӯравиро бурд. Ягона Маркази гармидињии барқии Душанбе (ТЭЦ-и меросии шӯравӣ), ки қисмати хурди ањолиро ҳатталимкон бо оби гарм таъмин мекунад.
Акнун бо оби гарм гарм кардани хонањои бисёрошёна се-чор сол аст, ки аз вазифањои афзалиятноки Њукумати ҷамњурӣ ва шањрдории Душанбе ба шумор рафта, ба мавзӯи доғи рӯз мубаддал гардидааст. Пас аз он ки Маҷлиси намояндагони кишвар созишномањоро дар бораи додани қарзи имтиёзнок байни њукумати Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Ҷумњурии мардумии Чин доир ба лоињањои сохтмони марњилањои якум ва дуюми ТЭС-и Душанбе-2 ратификатсия кард, мардум ба қатъияти эњёи хатњои обигармдињӣ эътимод карданд. Вусъати барқарорсозии хатњои обигармдињанда дар ноњияњои пойтахт, пеш аз њама, дар ноњияи Сино, дар назари сокинони Душанбе босуръат ҷараён дорад.
Тавре аз шањрдории Душанбе иттилоъ гирифтем, «Эксимбанк»-и Чин барои сохтмони мазкур $331,5 млн. қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст.
-Шањрдории Душанбе бањри иҷрои супориши Президенти мамлакат муњтарам Эмомалӣ Рањмон бунёду азнавсозии он қисмати хати обигармро дар пойтахт, ки солиёни дароз аз кор монда буд, ба нақша гирифтааст, — гуфт ба хабарнигори «Тоҷикистон» Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдорӣ. – Ба ин мақсад дар тӯли хати оби гармидињанда аз Маркази гармидињии барқии дуюм (ТЭЦ-2 ё МГБ-2) то автовокзал ва боз 12 километр лӯлањои куњнаю фарсуда иваз карда мешаванд. Барои ин аз Чин ба Душанбе дар навбат аввал 11 ҳазору 508 метр лӯлањо оварда шудааст. Маркази гармидињии барқии дуюми Душанбе бо истифода аз ангишт оби гарм омода мекунад. Барои ин дар мањаллаи Лучоб аллакай сохтмони анбори ғунҷоишаш 700 њазор тонна ангишт шурӯъ шудааст.
— Иқтидори истењсолии навбати дуюми МГБ-2-и Душанбе 300 МВт неруи барқ ва 167 ГК гармӣ мебошад, — мегӯяд муовини раиси шањри Душанбе Шакарбек Самадов. — Иншооти неруи барқ бо ангишт кор мекунад. Њамчунин, таҷњизоте насб карда хоњад шуд, ки дар сурати зарурат иншоотро бо газ ба кор медарорад. Корњои барқароркунии хати интиқоли оби гарм ва бунёди системањои тақсимоти гармӣ то имрӯз қариб дар 20 километр ба субут расонда, дар 6,5 км хати гармӣ санҷиши њидравликӣ гузаронда шудааст.
Рустам Иброҳимов, мудири шуъбаи коммуналӣ-муҳандисии мақомоти иҷроияи маҳаллии њокимият давлатии шањри Душанбе гуфт, ки «корњо дар хати оби гарм мувофиқи реҷаи тасдиқшуда давом доранд. Барои гарм кардани иншооти гуногунтаъиноти пойтахт дар мавсими зимистони оянда њамаи манбаъњои истењсолкунандаи гармии барқии «Барқи тоҷик» (МГБ Душанбе, дегхонањои ғарбию шарқӣ ва МГБ-2-и Душанбе) кор мекунанд. Онњо дар якҷоягӣ бояд 335 Гкал/соат гармию барқ истењсол намуда, 1242 иншоот, аз ҷумла1082 бинои истиқоматӣ, 52 муассисаи таълимӣ, 19 муассисаи тандурустӣ ва 89 ташкилоту муассисаи дигарро таъмин намоянд. Аз 1082 иншооти фонди манзил, ки бояд бо хати оби гарм пайваст карда шаванд, дар ноњияҳои Шоҳмансур -281, Исмоили Сомонӣ – 217, Сино – 584 бино ба ин нақша шомил шудааст . Ба ноњияи Фирдавсӣ дар мавсими соли оянда, яъне 2017 гармӣ дода намешавад. Илова бар ин, шањрдорӣ барои коњиши камбудии гармӣ дар зимистони оянда чорањои иловагии бо гармӣ таъмин кардани иншооти иҷтимоиро ба назар гирифтааст. Ба ин мақсад 14 дегхонаи мустақил, ки бо ангишт ва неруи барқ кор мекунанд, барои 20 муассисаи маориф ва тандурустӣ наздики 20 Гкал/с гармӣ истењсол мекунанд. Ба кордароии навбати дуюми МГБ-2 дар соли равон микрорайонњои 10, 11, 83, 84, 101 ва 102-и ноњияи Сино аз оби гарми он истифода баранд.
-Мушкилоти асосӣ дар татбиқи пурра бо гармӣ таъмин кардани ањолӣ мавҷуд набудани хатњои интиқоли оби гарм дар биноњои истиқоматӣ ва дигар муассисаҳо мебошад, — мегӯяд Р. Иброҳимов. – Маркази гармидињии барқии дуюми Душанбе лӯлањои оби гармро то наздикии биноњои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ мерасонад. Соҳибмулконе, ки хатњои интиқоли оби гармро дар хонањошон аз байн бурдаанд, тибқи қонунгузорӣ вазифадоранд хатњои мазкурро худашон барқарор намоянд. Буҷет барои ин маблағ ҷудо накардааст.
— Сантехникњо њисоб карданд, ки фақат барои иваз намудани қубурњои куњна дар тањхона њар соњибмулк 300 сомонӣ хароҷот мекунад, — гуфт сокини ноњияи Сино Абдусамеъ Вализода. — Барои барқарор кардани радиаторњои гармидињии даруни хона бошад, маблағи пулии бисёр лозим аст.
— Хонандагони њафтанома ва шањрвандон дар сомонањои иҷтимоӣ ин масъалаи доғи рӯз муҳокима намуда, мегӯянд, ки сантехникҳо барои пурра барқарор кардани хати оби гарм дар хонаашон 2,5-3 њазор сомонӣ талаб доранд. Мепурсанд, ки лӯлањои тиллоӣ насб мекарда бошанд. Магар ҳамин тавр аст? –пурсидам дар шаҳрдорӣ.
— Ин овоза ҳпсту халос, — гуфт Шавкат Саидов. – Њар як соњибмулк шояд 500-600 сомонӣ сарф намояд. Буҷет барои ин маблағ надорад…
Кош бо ин қадар маблағ мушкилоти оби гарм дар хонањо њал шавад. Аммо намояндагони кооперативони моликони манзил хона ба хона гашта, соњибмулконро огоҳ месозанд, ки лӯлаҳои оби гармро дар тањхонаю хонањояшон барқарор кунанд. Дар акси ҳол соњибмулкро ҷарима мекардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ