Маркази миллии тестӣ ба довталабон як фурсати дигар медиҳад

Маркази миллии тестӣ — ниҳоди масъули қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба 12 ҳазор довталаби дигар имкон медиҳад, ки бори дигар барои донишҷӯ шудан талош намояд. Ин довталабон аз тақсимотҳои якум ва дуюм ноком шуда буданд.

Абдувосит Юлдошев, як масъули Маркази миллии тестӣ рӯзи 4-уми сентябр гуфтааст, тақсимоти такрорӣ ё тақсимоти сеюм аз имрӯз шурӯъ шуда, то 6 сентябр идома мекунад. Ба қавли ҷаноби Юлдошев, рӯзи 8 сентябр натиҷаҳои тақсимоти сеюм эълон шуда ва бо ин мавсими қабули донишҷӯён ба макотиби олии Тоҷикистон, анҷом хоҳад ёфт.

“Як бори дигар тақсимот мегузаронем ва баъд маълум мешавад, ки натиҷаҳо чигуна ҳастанд. Дар тақсимоти дуюм 15 ҳазор иштирок карда, 8 ҳазори онҳо донишҷӯ шуданд. Дар тақсимоти сеюм 12 ҳазор нафар ҳуқуқи иштирок доранд”,-афзуд Абдувосит Юлдошев.

Дар Маркази миллии тестӣ мегӯянд, дар тақсимоти такрории сеюм касе имтиҳон намесупорад ва танҳо бо натиҷаҳои қаблан ба дастомада довталаб аз нав рӯйхати ихтисосҳоро интихоб мекунад.

Зимнан, дар соли ҷорӣ аз миёни 96 ҳазору 541 довталабе, ки дар Маркази миллии тестии Тоҷикистон сабти ном шуда буданд, дар наздики 57 ҳазор нафарашон сазовори номи донишҷӯ шуданд, ки теъдоде аз онҳо барои сабти номи худ ба донишгоҳҳо ҳозир нашуданд.

Имсол дар Тоҷикистон бояд 64 ҳазору 939 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳо роҳ ёбанд. Соли панҷум аст, ки довталабон дар Тоҷикистон тавассути Маркази миллии тестӣ барои роҳ ёфтан ба донишгоҳ рақобат мекунанд.

Маркази миллии тестӣ соли 2013 дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва ҳадаф аз таъсиси ин марказ қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад. Ин дар ҳолест, ки аллакай аз 1 сентябр дар донишгоҳҳо таҳсил расман шуруъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *