Муғулзан ҷопонзани мағлубнопазирро шикаст

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар рақобати миёни бонувони варзишгар ҳангомаи варзишӣ ба вуқӯъ омад: ҷоизадори нуқрагини Оимпиадаи Рио-2016 ва биринҷии чемпионати ҷаҳон Д. Сумяа (вазни 57 кг) ҷопонзани мағлубнопазир – чемпиони ҷаҳон Сукаса Ешидуро бо усули ипон шикаст дода, медали тиллоро соҳиб шуд.
Сумяа дар Муғулистон чорумин чемпиони ҷаҳон ва дуюмин варзишгаре ба шумор меравад, ки  медали тиллои чемпионатҳои ҷаҳонро ба даст овардааст.

Дирӯз дар чемпионати ҷаҳони равон варзишгари муғул дар вазни то 73 кг Г. Одбаяр медали биринҷиро ноил шуд. Ӯ 12-умин ҷудокори муғул аст, ки медалҳои чемпионатҳои ҷаҳонро сазовор гардидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *