заминларза

Маркази заминларзаи Душанбе Афғонистон будааст

Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5-уми январи соли равон соати 19:25 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ мегӯяд, ки маркази зилзила 256 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон будааст.

Қувваи зилзила дар маркази он 5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил додааст.

Хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *