Ибодуллозода

Кӣ таҳсили ройгон ва ҷойи кор дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мехоҳад?

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз амалисозии иқдоми наҷибе хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар асоси тасмим ва иқдоми навбатии Аҳлиддин Ибодуллозода — ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ минбаъд донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, дар зинаи таҳсилоти магистратура тариқи буҷавӣ ба таҳсил ҷалб карда шуда, баъд аз хатми зинаи мазкур дар донишгоҳ ба кор таъмин карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ин тасмими ректори донишгоҳ баҳри беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *