Ректори омузгори

Роҳбарияти Донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолони солро қадрдонӣ кард

Роҳбарияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як қатор омӯзгорону донишҷӯёнро, ки соли гузашта фаъолияти пурсаман нишон дода, рисолаҳои докториву номзадии худро сари вақт ҳимоя намуда ва донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мураррифӣ карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.

Ба 13 нафар омӯзгоре, ки дар муҳлати муайяншуда рисолаи докториву номзадии хешро дифоъ намудаанд, барои рисолаи докторӣ ба маблағҳои 3000 сомонӣ ва барои рисолаи номзадӣ ба маблағи 1500 сомонӣ, ба 6 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, 5000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, ба 10 нафар донишҷӯе, ки дар озмунҳо иштирок намудаву ноком шудаанд, 1000 сомонӣ, ба 7 нафар донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои якум гардидаанд, 2000 сомонӣ ва ҷойҳои дуюм 1000 сомонӣ, ба 5 нафар роҳбар ва иштирокдори озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — ватани азизи ман” 1000 сомонӣ ва ба иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барои 3 нафари ҷойи аввал 10000 сомонӣ, 2 нафари ҷойи дуюм 7000 сомонӣ ва барои 2 нафари ҷойи сеюм 4000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *