Маро Мирзо Турсунзода дастгирӣ намуданд

Садо ва симои Гавҳар Умарова, бинандагони солҳои 1995-2000-умро ба тамошои “Телевизиони Тоҷикистон” ҷалб карда буд. Ин бонуи хушсимо, ки ровии барномаҳои фароғатӣ буд, дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаву то имрӯз дар пойтахт кору зиндагӣ мекунад. Баъд аз фаъолияташ дар телевизион дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Дар яке аз барномаҳои телевизиони “Сафина” бо иштироки Гавҳар Умарова, муаллима аз кӯдакиву ҳаёти худ ёдоварӣ намудааст, ки муҳтавои онро пешкаши шумо мегардонем.

Тарбиятгари ҳашт хоҳару додар

Ман дар оилаи серфарзанд ба камол расидаам. Бародари аз ман калонам, ки Абдураҳмон ном дошту ҳоло дар қайди ҳаёт нест, бисёр инсони наҷиб буданд. Баъд аз акоям дар оила ман духтари калонӣ будам, 8 додару хоҳари хурдсоламро нигоҳубин мекардам. Модарам дӯзандаи моҳир ва табиб буданд. Кӯшиш мекарданд, ки ҳар нафари ба хонаамон меҳмон шударо бе хӯроки гарм гусел накунанд, бисёр зани меҳмоннавоз буданд. Ҳарчанд волидонам барои хонданам зид набуданд, вале ба хотири зиёд будани сафи фарзандони падар таҳсил карданам монеаҳои зиёдеро ба миён овард.

“Рӯи заминро кушоӣ, рӯи туро Худо мекушояд”

Ман тамоми кори модарро, аз қабили эҳтиром гузоштан ба калонсолон, кумак расонидан ба беморон, гирифтани дасти бенавоёнро омӯхтам. Сармашқи зиндагии ман модарам буданд. Модарам мегуфтанд, ки агар “Рӯи заминро кушоӣ, рӯи туро Худо мекушояд”. Яъне, субҳи солеҳон ҳавлиро об задаву рӯфтан яке аз амалҳои хуб аст. Модарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки ҳар суханро ба мард нагӯй, пеши мардат ба по хез. Ҳарчӣ ёфтам, аз мактаби модарам буд.

Дар 5-солагӣ ба мактаб рафтам

Ман хонданро бисёр дӯст медоштам. Дар як гӯшаи ҳавлиамон гови ало доштем, думаш мисли думи асп кокулони зебо дошт, ҳар вақте бекор мешудам, думи ҳамон говро шона мекардаму китобҳои бародарамро варақ зада мехондам. Акаам таваҷҷуҳамро дида, маро ба мактаби №38-уми шаҳри Душанбе, ки аввалин хатмкунандааш ҳастам, бурданд. Мани панҷсоларо ба синф дароварда, худашон ба тамошои футбол баромаданд. Муаллим Ҳоҷиев ба синфхона даромада, аз ман пурсиданд, ки ту чиро медонӣ? Ман шеъри “Биё-биё, обаки ширини мо”-ро мутолиа кардам. Ҳамин тавр номи маро дар журнал навиштанду мактабхон шудам.

Маро Мирзо Турсунзода дастгирӣ намуд

Вақте мактабро хатм кардам, 15-сола будам. Барои супоридани ҳуҷҷатҳоям ба Донишгоҳи миллӣ омадам. Посбони назди дар нагузошт, ки вориди бино шавам. Ҳангоми мактабхонӣ як бор дар назди Мирзо Турсунзода шеър хонда будам, он кас маро талқин ба хондан карда буданд. Рӯзе ба наздашон ба Иттифоқи нависандагон рафтам, вале ҷуръат намекардам, ки вориди утоқашон шавам. Устод Мирзо Турсунзода маро дар пушти тиреза дида, ҳамроҳи устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба берун баромаданд. Ман ки фазилатам ба сухан кардан намерасид, ҳуҷҷатамро нишон дода гуфтам, ки донишҷӯ шудан мехоҳам. Устодон фикр карданд, ки ман аз имтиҳон афтодаам. Мирзо Турсунзода телефонро гирифтанду ба Солеҳ Ашӯрович, ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ занг заданд, аз он тараф гуфтанд, ки мо он духтарро интизорем. Вақте дар рӯи гилеми пешайвони ректор роҳ мерафтам, аз ҳаяҷон тамоми вуҷудам меларзид. Буринисо Бердиева, ки журналисти шинохта буданд, дар бораам “донишҷӯи 15- сола” гуфта, мақола навиштанд ва бо ҳамин машҳур шудам. Солҳои донишҷӯӣ бо дастгирии Иттифоқи нависандагон ба шуъбаи кадрҳои иттифоқ ба кор даромада, баъди хатми донишгоҳ ба Кумитаи телевизион ба кор даромадам.

“Оила” умри 30-сола дошт

“Оила” аввалин барномаи ток-шоу дар телевизиони тоҷик гардид, ки дар рафти он мушкилоти оилавӣ баррасӣ мешуд ва тамошобини зиёд ҳам дошт. Ягона барномаи таърихӣ буд, ки 30 сол умр дид. Асосгузори барнома устодонам буданд. Баъди муҳокимаҳо устод Сайф Раҳимзод гуфтанд, ки номи барнома “Оила” гузошта шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аз он пештар барномаҳои “Ҷоми ҷамъ” ва “Маърифат”-ро пеш мебурдам. Дар зиндагӣ ба муаммоҳои зиёд вохӯрдам, садамаҳои ҳаётро бисёр дидам. Бо вуҷуди ин, ҳамеша миёни мардум будам ва ҳарчӣ омӯхтам, аз мардум омӯхтам.

Манбаъ: ТВ “Сафина”

Омодасоз: М. ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *