Бозингари «Барселона» ҷавонтарин голзан дар таърихи Ла Лига гардид


 Ҳамлагари дастаи «Барселона» Ламин Ямал ҷавонтарин голзан дар таърихи чемпионати Испания гардид
.

Дар бозии даври нӯҳум бо тими Гранада  Ямал дар дақиқаи аввали вақти нимаи аввал гол зад. Баъди нимаи аввал тими Гранада бо хисоби 1:2 маглуб шуд. Дар вақти бозӣ ҳамлагар 16 солу 2 моҳу 25 рӯза буд.

Қаблан ҷавонтарин нишонзан дар Ла Лига, ҳамлагари камерунӣ Фабрис Олинга буд, ки соли 2012 дар синни 16 солу 3 моҳу 6 рӯзагиаш ба дарвозаи Селта Виго дар тими Малага гол задаааст.

Ямал ҷавонтарин дебютант ва голзан дар таърихи тими миллии Испания гардид. 8-уми сентябр дар бозии интихобии чемпионати Аврупо бо дастаи Гурҷӣ (7:1) дар синни 16 солу 57 рӯзагӣ ба ҳайси ивазкунанда ба майдон ворид шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *