Маросими бузургдошти «Бобоҷон Ғафуров» дар Теҳрон

Маросими бузургдошти «Бобоҷон Ғафуров» муваррих, ховаршиноси шаҳир ва қаҳрамони милли Тоҷикистон бо ҳузури ҷамъе аз уламо, асотид, донишмандон ва фарҳехтагони тоҷику эронӣ дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории форс, ин маросим дар маҳалли толори иҷтимооти «Шаҳид Мутаҳҳарӣ» бо ҳузури ҷамъе аз уламо, устодон, донишмандон ва фарҳехтагони тоҷику эронӣ баргузор шуд.

Дар ибтидои ин маросим «Ҳасан Балхорӣ», раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ бо ишора ба шахсият ва осори Ғафуров афзуд: ҳаёти вай саросар талош, таҳқиқ ва пажӯҳиш барои эҳёи азамат ва бузургии миллати тоҷик буд.

Вай гуфт: асари «Тоҷикон»-и Ғафуров на танҳо таърихнигории сирф, балки ҳуввиятнигории миллати тоҷик аст.

Балхорӣ хотирнишон кард: Ғафуров талошҳои зиёде дар муаррифии чеҳраҳои фохири фарҳанги Эронзамин сурат дод, дар сурате, ки дар замони Шӯравии собиқ чунин коре бисёр сахт будааст.

«Маҳдии Муҳаққиқ», раиси ҳайати мудираи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, ки бо Ғафуров дӯстӣ ва муровида доштааст, хотироти худ бо ин шахсияти барҷастаи илмиро барои ҳуззор таъриф кард.

«Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил», раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Эрон низ дар суханоне дар ин маросим, фаъолиятҳои илмӣ ва амалии Ғафуровро камназир хонд ва гуфт: дар корномаи вай беш аз 300 мақолаву китоб вуҷуд дорад.

Ҳамчунин «Алиашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ», раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ва Сафири пешини Ҷумҳурии Исломӣ дар «Душанбе», «Муродҷон Бӯрибоев», масъули фарҳангии Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва «Сафар Абдуллоҳ», узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аз Тоҷикистон дар ин маросим дар мавриди шахсият ва осори арзишманди Ғафуров суҳбат карданд.

Ҳамчунин дар ин маросим паёми Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон тавассути Муродҷон, муовини вай қироат шуд.

مراسم بزرگداشت «باباجان غفوراف» در تهران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *