Хуршед Каримзода Абдуфаттоҳи Ғоибро иваз кард

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз мақоми худ озод ва, бино ба иттилои дарёфтӣ, “ба вазифаи дигар таъин шудааст”. Дар хабари рассонаҳо омадааст, ки Хуршед Каримзода раиси нав таъйин шуд ва муаррифиаш рӯзи ҷумъа дар ҳузури Асадулло Раҳмон, мушовири президент дар умури кадрҳо сурат гирифт. Хуршед Каримзода тайи се соли ахир ба ҳайси муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор мекард.

Ҳамчунин  гуфтамешавад, дар ҷараёни муаррифии раиси нави Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб ҳам ҳузур доштааст. “Ба кормандон гуфта шуд, ки Абдуфаттоҳи Ғоиб ба вазифаи нав дар сохторҳои қудратӣ мегузарад ва хабари расмиаш ҳам қарор аст, то охири рӯз нашр шавад. Худи Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, кор дар ҳамагуна сохтор бе камбуд намешавад, вале ҳама бояд талош кунанд, кори худро босифат анҷом диҳанд.”

Мақоми нави Абдуфаттоҳи Ғоиб то ба ҳол эълон нашудааст. Аммо ӯ як рӯзи қабл дар ҷаласаи солонаи ҳукумат барои камбуд дар ниҳоди зери раҳбарии ӯ аз раиси ҷумҳур танқид шунд ва барои ислоҳои камбдҳо дастур гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *