Марҷонаи ҳиллагар

Камбағалӣ айб аст

Дар ҳамсоягии мо бобои Амон ном пирамарди заифу нотавоне ҳамроҳи оилаю фарзандонаш зиндагӣ мекард. Ҳамсари бобои Амон-кампири Хадича зани меҳрубону хоксори беозоре буд. Пиру кампир дар бисоташон ҳамагӣ ду фарзанд доштанд: як писару як духтар. Зиндагиашон бисёр қашшоқона мегузашт. Писарашон Латиф дар бозор ароба мекашид, духтарашон Розия бошад, ҷӯробҳои қашангу зебо мебофт. Пиру кампир бо ними нон қаноат карда, Худоро шукр мегуфтанд, вале бо сабаби камбизоатиашон касе аз ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор на ба духтарашон хостгор шуду на ба писараш духтар дод. Бечора кампиру мӯйсафед барои бахти фарзандонашон дарун – дарун сӯхта обу адо мешуданд, аммо...

Арӯси селовард

Бо амри Худованд ниҳоят дари бахти фарзандони бобои Амон низ кушода шуд ва писараш Латиф дар бозор бо як духтари зебо шинос шуда, ӯро  гирифта ба хонаашон овард. Кампиру мӯйсафед аз ин ҳадяи Худованд хурсанд шуда, як дегча ош монданд ва арӯси селовардро никоҳ карда ба писарашон доданд. Арӯси аз паси Латифи пойлуч бо пойи худаш омада, Марҷона ном дошта мисли Марҷинаи филми “Алибобо ва чил роҳзан” хушрӯй буд. Вай қаду қомати мисли сарв базеб, рӯйи барф барин сафед ва абрӯвони пайвастаю миҷгонҳои сиёҳи дароз-дарози ба боло баргашта дошт. Дасту ангуштони аз барги гул нозуктари арӯсакро ангуштаринҳои зебои тиллоӣ оро медоданд. Сару либоси Марҷона низ ба духтарони одӣ монандӣ надошт. Либосҳояшро вай дар ким-кадом дӯзандаи моҳире дӯзонда, мисли актриса ё раққосаҳои номдор ҳамеша озодаю хушбӯю дилкаш буд. Ҳамсояҳо аз дидани ҳусну ҷамоли беназири арӯс дар ҳайрат афтода, байни худ пичир-пичир мекарданд, ки чӣ тавр Латифи пойлуч дили ин паривашро ёфта бошад, вале…

Марҷонаи лексуссавор

Пас аз тӯй арӯси селоварди Латиф чеҳраи аслиашро нишон дода, чунон ҳилаю найрангҳоеро сар кард, ки даҳони ҳама воз монд. Марҷона дар кошонаи ҳусн кор мекард ва субҳ худро орову торо дода аз дар мебаромаду нисфи шаб ҷип ва ё лексуссавор бармегашт. Тамоми мардуми қишлоқ медонистанд, ки карру фари Марҷонаи тарпоча аз ҳисоби кавалерҳои бою бадавлаташ аст, вале Латифи даҳанканда гӯшашро ба карию чашмашро ба кӯрӣ зада, пишаки занашро пишт намегуфт. Ба шавҳари камбағалу гадои умре ба як даҳон нон зораш ҳар бегоҳ пачка-пачка пул дода, ин зани айёр даҳони Латифи латтаро чунон баста буд, ки гап задан он тараф истад, ҳатто лабашро ҷунбонда наметавонист…

Домоди афғон

Марҷонаи дар ҳила гум пас аз ду-се моҳи тӯйи арӯсиаш қайсингилаш Розияро бурда дар корхонааш ба кор монд ва дере нагузашта, ӯро ба як ҷавони афғон ба шавҳар дод. Бобои Амону кампири Хадича ба издивоҷи духтарашон бо як ҷавонмарди аҷнабӣ розӣ набуданд. “Надод ягон бачаи тоҷик ёфт нашуд, ки духтари маро ба як афғони аз ким-кадом дашту дара омадагӣ ба шавҳар медиҳед»,- норозиёна ғур-ғур мекард хушдоманаш.

Марҷонаи айёра дар ҷавоб танҳо даст афшонда мегуфт:

-Эй кампири сода, така бошаду шир диҳад. Аз домоди тоҷики бе хонаю дар ва бе кафан чӣ фоида?! Ин афғон пулу моли бисёре дорад, вай духтаратонро рӯ-рӯйи даст мегардонад…

Ҳамин тавр, кампиру мӯйсафед хеле исрор карда бошанд ҳам, аз дасташон коре наомад, чунки Латифи даҳанканда фақат бо доираи занаш мерақсид. “Марҷона рост мегӯяд, хоҳарам бо ин афғон малика барин зиндагӣ карда ба мо ҳам ёрӣ мерасонад” гӯён, ба нею нестони падару модараш нигоҳ накарда, вай Розияро ба ҳамон ҷавонмарди сиёҳҷурдаи афғон бароварда дод…

Мехоҳед идомаи саргузашти пурмоҷарои Марҷонаи аёраро донед, пас шумораи №4-ҳафтаномаи «Оила»-ро аз тамоми дӯконҳои газетфурӯшӣ дастрас намоед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *