Лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо ҷомеаи шаҳрвандиро дастгирӣ менамояд

Душанбе, 19 январи соли 2018 — Ташкилоти ҷамъиятии “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон” лоиҳаи сесолаи “Фаъолгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот” шурӯъ кард, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Дар бисёр манотиқи Тоҷикистон, кумитаҳои маҳалла, шуроҳои маҳалла дар маҷмўъ мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ иттилоъ, ирода ва навоварӣ вобаста ба бунёди созмонҳои расмӣ надоштанд ва ин самт аз ҷониби сохторҳои давлатӣ идора мегардад.  Ҳамзамон, мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ оид ба мақоми ҳуқуқии хеш дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ” аз соли 2008 қабулшуда, ки ба фаъолияти чунин сохторҳо мусоидат мекунад, маълумоти кофӣ надоранд.  ТҶ “ХАОМ-Тоҷикистон” баҳри баланд бардоштани нақши мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ ҳамчун сохтори худидоракунии маҳаллӣ, пешбурди тағйиротҳои маҳаллӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва беҳтаргардонии сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллаҳо тасмим гирифтааст. Дар марҳилаи аввали рушд қарор доштани мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ ба падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки барои оғози фаъолияти мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ, шаклгирӣ, ба аъзогӣ дохилшавӣ, ҳамкорӣ ва ҷалби дигар тарафҳои манфиатдори ҷомеа саҳмгузорӣ намояд, ки барои идоракунии захираҳои мавҷудаи маҳалла имконияти бештар фароҳам меоранд.

Ҳадафи асосии лоиҳа ин пурқувватсозии нақши падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар коркард, таҳия ва амалӣ кардани лоиҳаҳо барои рушди маҳалҳои Тоҷикистон бо роҳи васеъ намудани ҳамкории падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ мебошад.

Мақсади фаъолияти лоиҳа ин омода кардани 50 ташкилоти ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  барои таъсис додани мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ ҳамчун платформаи ҳисоббарории идоракунӣ ва таъмини рушди устувору ҳамаҷонибаи маҳал мебошад.  Беҳтаргардонии рушди маҳал тавассути ташаббусҳои молиявӣ бо назардошти эҳтиёҷоти маҳаллӣ, ки ба воситаи ҳамкории падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои манфиатдор амалӣ мегарданд, ба даст оварда мешавад.

Дар чорчубаи лоиҳа ТҶ “ХАОМ-Тоҷикистон” барои рушди иқтидори ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавзуъҳои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, идоракунии молиявӣ ва таҳияи лоиҳаҳо барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии рушди маҳал дар минтақаҳои зерҳадаф омузиш мегузаронад.  Баъд аз гузаронидани омузишҳо, ташкилотҳои иштирокчӣ метавонанд лоиҳаҳои дархостии хешро барои маблағгузорӣ пешниҳод кунанд ва ТҶ “ХАОМ-Тоҷикистон” татбиқи иқдомҳои беҳтаринро баҳри рушди маҳал, пеш аз ҳама дар самти пойдоршавии фаъолияти мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ, ки ба идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳо ва афзоиши устувории фаъолон равона карда шудааст, дастгирӣ хоҳад кард.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан ба Умед Алимов, Менеҷер оид ба робита бо ҷомеа, тариқи тел.: (+992) 90 000 15 05, почтаи электронӣ: [email protected].  муроҷиат намоед.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *