Маросими дафни шоира Норинисо

Шоира Норинисои Алимуҳаммад субҳи 19 март дар синни 68 аз олам чашм пӯшид.

Субҳи имрӯз риштаи умри шоираи ширинкалом Норинисо Алимуҳаммедова дар синни 68 солагӣ канда шуд. Дар хонаи марҳум маросими видоъ баргузор гардид.
Фаррух Орифӣ, муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ марги шоираро талафоти адабиёти тоҷик ва аҳли ҷамоатчигии кишвар унвон намуданд.
Мирзоқосим Каримов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, тассалиёти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба аҳли хонадону пайвандони расонида аз ҷумла таъкид сохт, ки «Шоира Норинисо Алимуҳаммедова на танҳо адиби сермаҳсул, балки ҳамчун ҷамотчии фаъол дар байни сокинони Хуҷандшаҳр маҳбубияти хоса доштанд. Шодравон дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолна ширкат варзида, бо суханони дилрас ва ашъори дилчасп мардумро ба фаъолияти созандагӣ ҳидоят менамуданд. Ирӯз шоираро ба роҳи охират гусел кунем ҳам, ашъори баландмазмун ва фаъолияти пурбаракату ибратбахшашон дар дилу дидаҳои мо солиёни зиёд боқӣ хоҳад монд. Зеро шоира муаллифи даҳҳо маҷмуъаи ашъор ва китобҳои хонданӣ буда, онҳо талқингари одаму одамгарӣ, хислатҳои наҷиб ва дигар арзишҳои инсонӣ мебошад».
Фарзанди марҳум Илҳом Сангин миннатдории аҳли оиларо ба дӯстону меҳмонон баён сохта, реҳлати модари хелро дар умри худ талафоти бузург арзёбӣ намуд.
Бо хондани чор ракаат намози ҷаноза шоира Норинисо Алимуҳаммедова ба роҳи охират гусел намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Норинисои Алимуҳаммад 25 марти соли 1950 дар деҳаи хушобу ҳаво ва зебоманзари Раззоқи шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб, донандаи хуби китобҳои динӣ, ҳофизи Қуръон ва мухлиси ашаддии ғазалҳои лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз Алимуҳаммад-домулло чашм ба олами ҳастӣ во намуд.
Соли 1967 бо дуои падаронаи нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, ки ба донишу заковати Норинисо қоил шуда, беихтиёр: «Баҳ, баҳ, ганҷ аз вайрона, ганҷ аз вайрона” гуфта буд, аввалин шеърҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод” рӯи чопро диданд. Аз ҳамон вақт сар карда, то ба имрӯз шоира Норинисо соҳиби қариб бист маҷмӯаи ашъори худ аст.
Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи «Дунёи умед” аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 «Оҳангҳои соҳил”-ро ба бор овард. «Гаҳвораи меҳр”, «Садоқат”, «Сию се ғазал”, «Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, «Ошёни меҳр”, «Лаҳзаи дидор”, «Дарёи муҳаббат” ва «Меҳвари андеша”-чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоира ашъори мунтахаб зери унвони «Дар зери чархи гардун…” бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид.
Барои меҳнати софдилона ва сарсупурдаи халқу миллати арзандаи хеш буданаш аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Норинисо соли 1998 бо Ордени «Шараф” мукофотонида шуд.
Аъзои Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии милитсияи тоҷик ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои фахрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. То соли 2015 ҳамчун намояндаи халқии шаҳри Душанбе дар пайи ободиву озодии мамлакат ва баҳри пешбурди иқтисодиву сарсабзии он талош меварзиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳ
ри Хуҷанд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *