Ҳамадони: Мард духтарчаи худаш ва зани ҳамсояро кушт

Чуноне ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ, гирифтори бемории рӯҳӣ буда, ҳамчун гумонбар дар одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 16-уми марти соли 2018, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш бе ягон асос ҳамсари 24-сола ва ду духтарчаи хурдсоли 3 ва 4-солаашро бо бели дар дасташ буда, ба сару баданашон якчанд маротиба задааст.
Баъдан, номбурда ҳаракатҳои ҷинояткоронаашро давом дода, ба ҳавлии истиқоматии ҳамсояҳояш: зани 53-сола, соҳиби 5-фарзанд ва зани 36-сола, соҳиби 3-фарзанд, даромада, бе ягон асос бо бели дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданашон задааст.
Дар натиҷа духтари хурдсоли 3-солааш ва ҳамсояаш зани 53-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамсар, духтари 4-солааш ва зани 32-солаи ҳамсояаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *