Маросими дафнро танзим мебояд

Аз бозёфтҳои археологӣ ва бостонӣ маълум машавад, ки аҷдодони мо — тоҷикон дар маросими дафн расму оини хоси худро доштаанд.

Барои исботи ин гуфта аз “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров иқтибос меорем: “Дар замони Кӯшониён ҳар халқ ба худ маросими дафн доштааст ва қабрҳои даврони Кӯшониён ҷолиби диққат мебошанд. Ин гӯрҳо асосан хокӣ буда, бо хишти хом рӯкаш шудаанд. Дар лаҳади ин гӯрҳо дар зарфҳо хӯроки охират ҳаст ва зарфҳо хеле хушсифат буда, аз кулол сохта шудаанд. Баъзан, дар даҳон ё синаи мурда танга мемондаанд. Дар гӯри занҳо асбоби зиннатии тиллоӣ — гӯшвораҳо, ангуштарин, либос, шадда, оина, дастпона ва дигар маснуоти биринҷӣ ёфт шудаанд. Дар хоки Душанбе мурдаҳое ёфт шудаанд, ки дар тобути сангин ва хумҳои калон дафн шудаанд(саҳ. 202-205).

Акнун ба замони худамон баргардем. Имрӯзҳо маросими дафн дар Тоҷикистон як шеваи хос надорад. Бинобар ин, банда пешниҳод мекунам, ки як ниҳоди давлатӣ ё хусусӣ ташкил ёбад, ки кори он танзими маросими дафн бошад. Шахсе, ки дар хонааш нафаре мефавтад, ба ин ниҳод муроҷиат кунад. Кофтани қабр, ҳамлу нақли майит ва гӯручӯбро шахсони масъул анҷом диҳанд. Чунин ташкилот дар кишварҳои пешрафта ҳастанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки маросими дафни ветеранҳои ҷанг, собиқадорони меҳнат, ашхоси бекасу бечора, нодор ва яккаву танҳо ҳамчун амали хайр ройгон сурат бигирад. 

Имрӯзҳо агар аз қабристон гузар кунед, ҳар кас ба таври худ қабр меканад ва санг мегузорад. Мақбараи яке боҳашаммат асту аз дигаре хоксорона. Бояд барои оромгоҳҳо низ як тарзи муайян пешниҳод шавад, то ки нафарони доро худнамоӣ накунанду камбағалон афсӯс нахӯранд. 

Э. КАМОЛЗОДА,

ветерани ҷангу меҳнат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *