Маросими истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Озарбойҷон

23 май дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид.Ин музокирот дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар  Озарбойҷон сурат гирифт.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Загулба баргузор шуда, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон  Илҳом Алиев пешвоз гирифт.

Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани горди фахрӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи салом ба онҳо ва изҳори эҳтиром ба парчами давлатии Озарбойҷон, ҳамчунин шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *