Марям Алимзода: Интихоби маро оилаам қабул надоранд
Аз редаксия супориш шуд, ки дар шумораи якуми соли 2024 бо касе суҳбат кунам, ки ҳам маъруф бошад, ҳам соҳибистеъдод, ҳам зебо, ҳам серкору серталош ва ҳам ҳамсуҳбати хуб. Зиёд фикр накардам, зеро чунин нафарро кайҳо боз мешиносам, ки Зебо ном дорад. Бале, ҳамон Марям Алимзодаи ҳунарпешаи кино, ки аксарият номи аслиашро намедонанд.
Мавсуф дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, аз хурдӣ орзуи ҳунарманд шуданро дошт, вале чун аҳли оилааш розигӣ надоданд, дар дигар соҳаҳо соҳибмаълумоту соҳибдиплом шуд. Баъди солҳо, фурсату имкон ёфт, ки ба орзуи кӯдакиаш баргардад ва ҳоло аз ин бозгашт хеле хурсанд аст.
Чун Марям Алимзода дар аввали соли ҷорӣ зодрӯзашро қайд кард, мо бо ӯ доир ба ҳунар, роҳи пайнамуда, нақшофарӣ дар филмҳо ва нақшаҳои ояндааш суҳбат кардем.
— Пеш аз ҳама зодрӯзатонро муборак мегӯем.
— Сипоси беандоза.
— Зодрӯзро хуб қабул мекунед ё ғамгин мешавед, ки як сол умратон рафт?
— Барои ман зодрӯз як рӯзи оддӣ аст. Аз сипарӣ гардидани боз як баҳори умр ҳеҷ гоҳ нороҳату ғамгин намешавам, баръакс, солҳое, ки аз умр тай мешаванд, аз он дарси зиндагиву таҷрибаи ҳаёт меомӯзам.
— Дар аввали сол таваллуд шудан маънии хос дорад. Яъне, метавон ҳама нақшаву мақсад ва вазифаҳои яксоларо тарҳрезӣ карду амал намуд. Оё шумо барои як соли ояндаатон нақшаи муайян мекашед ва аз рӯи он амал мекунед?
— Дар рӯзҳои аввали сол таваллуд шудан ин нишонаи пешсаф, ба истилоҳи дигар лидер буданро дорад. Яъне, дӯст намедорам, ки касе ба ман фармони иҷрои кадом кореро, ки ба ихтилофи майли дили ман аст, диҳад. Албатта, ки ягон кор дар зиндагӣ бе нақша пеш намеравад ва ба ин хотир, ҳамеша бо нақшаи муайян зиндагӣ мекунам.
— Орзуҳое, ки дар соли 2023 доштед, амалӣ шуданд?
— Аз лиҳози эҷодӣ соли сипаригардида чандон соли пурбору муваффақ набуд. Баъзе нақшаву тасмимҳо амалӣ нашуданд. Дар ин давр бароям муяссар гардид, ки танҳо дар ду филм нақш офарам. Аммо дар соли 2024 нақшаҳо хеле зиёданд. Худо хоҳад, нақша дорам дар филми “Хусури ман”-и Набиҷон Пирматов ва ҳам дар филми муштараки Тоҷикфилм бо Эрону Ӯзбекистон иштирок намоям.
— Шумо яке аз шахсони машҳуру шинохтаед, аммо чаро Google шуморо намешиносаду доир ба ҳаёту кори шумо дар ин фазои итиллоотӣ маълумот нест?
— Фикр мекунам, дар ин хусус чунин маълумотҳоро худи шахс ворид намекунад, балки дар борааш менависанд ва онҷо ҷой мекунанд. Азбаски феълан мо дар фазои маҷозӣ мавқеъ пайдо намуда истодаем, бо мурури замон ин вазъ ислоҳ хоҳад ёфт.
— Шумо ҳунарпешаед, чӣ гуна ба ин соҳа дил бастед?
— Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ барои нақшофарӣ дар арсаи ҳунарпешагӣ орзу доштам. Аз ҳамон замон эътимод пайдо намудаам, ки ин касбро аз худ мекунам. Шукри Худо ҳоло ҳамааш хуб аст ва аз интихоб намудани касби ҳунарпешагӣ қаноатмандам.
— Оё ба актриса шудани шумо ягон кас монеа шуда буд?
— Касе монеа нашудааст, вале фикр мекунам, ин интихоби маро аҳли оилаам ҳеҷ вақт қабул надоранд. Азбаски оилаи ман табибу омӯзгоранд ва ба самти ҳунар касе нарафтааст, онҳо интихоби маро то андозае хуш надоранд.
— Маълумоти олии ҳунарпешагӣ доред?
— Мутаассифона, то ҳол маълумоти олии ҳунарпешагӣ надорам. Аммо нақша дорам, ки таҳсил кунам ва нозукиҳои ин касбро аз худ намоям. Дар ҳама соҳа расман таҳсил кардану назариявӣ омӯхтан амри зарурист.
— Ба андешаи шумо ҳунарманди асил кист?
— Хунарманди асил шахсест, ки бо маҳорати волои худ ҳамаро мафтуни ҳунар ва истеъдоди худ мекунад. Ба сохтакорӣ наметавон ҳунарманди асил шуд, зеро бо истеъдоди ҳирфаӣ ва хос кас тавлид мешавад.
— Киҳо метавонанд ҳунарпеша шаванду киҳо не?
— Ба андешаи ман ҳар нафаре, ки майлу рағбати самимии ҳунарпешагӣ дорад, ин касбро интихоб мекунад. Мудом барои такмили дониши худ кӯшиш мекунад ва ҳамеша аз пайи сайқал додани маҳорати ҳунарпешагист. Бояд шахс ҳунарро сидқан дӯст дорад ва ин маҳорату истеъдодро дар саҳнаи ҳунар собит созад. Ба назари ман агар танҳо ба мақсади шинохта шудан миёни доираи маҳдуди ҷомеа бошад, пас соҳибиззату шуҳратёр гардидани ҳунарпеша амри маҳол аст.
— Дар кишвари мо бо даромади ҳунарпешагӣ зиндагиро пеш бурдан имкон дорад?
— Фикр намекунам, ки бо ин касб зиндагиро пеш бурдан ҳоло пурра имконпазир бошад, аммо дар ҳама ҳолат сарфакорӣ мебояд. Зеро касе ҳаст, ки зиндагиашро бо 3000 сомонӣ мегузаронаду, касе бо 20.000 сомонӣ иктифо намекунад.
— Аксарият шуморо аз силсилафилми “Ишқ, пул, Душанбе” мешиносанд. Чӣ гуна дар он нақш офаридед ва тақдири қаҳрамонатон чӣ шуд?
— Тавре гуфтед, бо вуҷуди дар чандин филмҳо нақш офаридан, маҳз силсилафилми “Ишқ, пул, Душанбе” маро ба мардум зиёдтар шиносонид. Дар он нақши манфӣ доштам. Духтари сарватманде, ки ба ҷавони камбағал ошиқ шудааст ва ишқи беҷавоб ӯро ба ҷое намерасонад. Дар охир кушта мешавад.
— Боз дар кадом филмҳо нақш офаридаед?
— Кам нестанд. Аввалин нақшофариам дар филми “Осӣ”-и Музаффар Шодиев буд. Дар умум, дар филмҳои “Муҳтоҷи бахт”, “Зиндагӣ зебост”, “Маскун”, “Ишқ, пул, Душанбе” ҳамчун ҳунарпеша нақш доштаам.
— Чӣ гуна пешниҳодҳоро қабул мекунеду кадомҳояшро не?
— Барои ман қабл аз ҳама шахсияту корномаи коргардон муҳим аст. Баъдан, ба доираи ҳунармандони дигари филми ба он даъватшудаам низ аҳамият медиҳам. Пешниҳодҳоеро ки дар он касбият дида намешавад ва танҳо барои ҳавасу шуҳратхоҳӣ анҷом меёбанд, қабул намекунам.
— Мо саҳифаи шуморо дар Инстаграм дидем, ба Туркия бисёр сафар мекунед ва ҳатто дар пештоқи он парчами Тоҷикистону Туркияро мондаед. Ин сафарҳо ва парчам чӣ маъно доранд ва ба кадом хотиранд?
— Ман тоҷикам ва Ватанамро аз ҷонам дида бештар дӯст медорам. Тасаввур карда наметавонам, ки дар дигар давлат зиндагии доимӣ дошта бошам. Дуруст мушоҳида кардаед, чанд соли охир ба Туркия зиёд сафар мекунам ва онҷо худамро бегона ҳис намекунам, зеро обу ҳавову хӯроку мардумашро бисёр дӯст медорам.
— Дар филмҳои туркӣ нияти нақшофарӣ надоред ва оё таклифҳо буданд?
— Ният дорам ва чанд пешниҳод низ дар ин хусус гирифтаам, вале барои нақшофарӣ дар онҳо дараҷаи дониши забони туркиямро бояд беҳтар кунам. Аз ин сабаб, айни замон ба забономӯзӣ машғулам. Барои расидан ба ин орзу ва татбиқи ин ҳадафи наҷибам тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳам.
— Саҳифаи Инстаграматонро хеле хуб ва фаъолона пеш мебаред, шуморо блогер ҳам гуфтан мумкин аст?
— Ман саҳифаамро бо мақсади тарғиби ҳунарам пеш мебарам ва нияти дарёфти маблағу блогер шуданро надорам. Бовар кунед, ҳатто калимаи “блогер”-ро хуш намепазирам.
— Фазои Инстаграми тоҷикӣ барои як духтари тоҷик мусоид аст? Кадом камбудиҳо ҳастанд, ки бояд бартараф шаванд?
— Мусоид аст, вале баъзан мардҳо барои шинос шудан менависанд, ки дилгиркунанда аст. Яъне, аксари онҳо фикр намекунанд, ки ҳар духтари инстаграмдор бешавҳар ё бехушдор аст. Ин ҳолати нохуб аст, дигараш хуб мебошад.
— Дар як шабонарӯз чанд соат вақти худро ба Инстаграм мебахшед?
— Ба Инстаграм ворид шудан одат шудааст. Фикр мекунам то 14-15 соат дар онҷоям. Медонам, ки ин чандон хуб нест, вале чӣ илоҷ, одат кардаам.
— Аз Инстаграм чӣ фоида мегиред?
— Фоидаи моддӣ нагирифтаам. Танҳо бо дӯстон дар муоширатам ва барои тарғиби ҳунар кӯмак мекунад.
— Дар зери навору суратҳоятон шарҳҳои нохуб менависанд?
— Вақте ки дар силсилафилми “Ишқ, пул, Душанбе” нақши манфиро иҷро мекардам, бисёртар ба шарҳҳои нохуб дучор мешудам, вале ҳоло кам аст, зеро бадгӯён барои бад гуфтан баҳонае надоранд.
— Ишқ ба ҳунарманд қувва мебахшад ё ӯро мешиканад?
— Ишқ ягон касро ба роҳи хуб намебарад ва ба ҳунарманд дар зиндагӣ зарбаи сахт мезанад.
— Ҳеҷ вақт аз ишқ шикаст нахӯред ва рӯзгоратон саршори муҳаббат бошад. Ташаккур барои суҳбат.
— Саломат бошед, раҳмат.
Мусоҳиб
Сино ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ