Пешниҳод: Аз таърихи Тоҷикистон филмҳо сабт шаванд

Воқеаи торихии бузург дар пеш аст — садсолагии таъсиси Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон.

Дар сад сол чор насли нави одамон пайдо мешаванд. Насли нав ба ғайри чанд мутафаккир аз ҷонбозиҳои муборизони таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан бехабар аст. Ин ҳолат дар вазъи геополитикии имрӯз чӣ хатаре ба истиқлол дорад, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар аз ҳама ҳис кардаанд.

Дар ин росто пешниҳод мекунам, ки барои офаридани сериалҳои миллӣ аз таърихи ростини Тоҷикистон гурӯҳҳои калони эҷодӣ таъсис дода шаванд. Гурӯҳи якум барои эҷоди силсилаи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва гурӯҳе барои эҷоди силсилаи филмҳои бадеӣ.

Дар Тоҷикистон неруҳои эҷодӣ ва илмӣ барои амалӣ намудани ин кори барои истиқлоли Тоҷикистон ҳаётан муҳим вуҷуд доранд.  

Адаш ИСТАД, 

нависанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *