Чаро ҷавонони тоҷик интиҳорӣ мешаванд?

Вазорати иттилооти Эрон шоми 5-уми январи соли 2024 бо нашри як баёния эълон кард, ки яке аз ду ҳамлагари маргталаб, ки худро дар маросими ёдбуди генерал Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмон тарконданд, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Бар асари ин ҳамлаи рӯзи 3-юми январи соли 2024 дар Кирмон ҳудуди 100 тан кушта ва беш аз 280 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Қаблан низ шаҳрвандони Тоҷикистон дар анҷоми амалҳои террористӣ дар Эрон айбдор шудаанд. Аз ҷумла, 26-уми октябри соли 2023 маргталаби тоҷик Комрони Субҳони 23-сола дар масҷиди «Шоҳи Чароғ» амали террористӣ анҷом дода буд. 

Дар робита ба ин мо ба ду коршинос бо суоли “Чаро ҷавонони тоҷик” интиҳорӣ мешаванд?” муроҷиат кардем.

Саъдӣ Ворисов,

коршиноси масоили динӣ:

— Ба бовари ман интиҳорӣ шудани иддае аз ҷавонон сабабу омилҳои гуногун дорад. Аз омилҳои иқтисодӣ то равониву мазҳабӣ. Шароити сахту душвори зиндагӣ, фақру нодорӣ, гирифториҳои гуногун, номуайянӣ дар зиндагӣ, фишору стрессҳои гуногуни равонӣ ва ғайра.

Дар буъди динӣ бошад, пайдост, ки хеле аз ҷавонҳои мо табиатан одамони диндору мазҳабӣ ҳастанд. Аммо дар баробари мазҳабӣ будан дарку донишҳо, фаҳму таҳлилҳо, қироату хонишҳои солиму саҳеҳ, муосиру пешрафта аз дин камтар доранд. Дар муқобил, отифаву эҳсоси баланд, шӯру ҳаяҷони қавӣ дар масоилу мавзуоти диниву мазҳабӣ доранд. Ин нобаробарӣ ва номутавозинӣ боис мешавад, ки ҷавонҳо туъмаи таблиғоту тарғиботи шабакаҳои тундгаро шаванду ба умеди ҳуру майу ангубини ҷаннат ҷони ширини худро фидо кунанд.

Абдуқодир Талбаков

(Ориёнмеҳри Зардушт),

журналист:

— Худкушии хисоротбор ба хотири ақидаҳои динӣ ва ё мазҳабӣ ҳамчун як навъи терроризм барои тоҷикон — ин зуҳуроти нав буда, 10 соли охир ба чашм мехӯрад. Аввалини онҳо муътақидони “Давлати исломӣ” буданд, ки дар Ироқу Шом чанд сол даҳшатафканӣ карданд. Гурӯҳҳои парокандаи онҳо гоҳо дар Афғонистон, кишварҳои Африқо ва ҳам акнун дар Эрон аз худ дарак доданд. Омили асосии ба ин ҳад расидан — ин албатта мағзшӯии амиқу бисёрсола мебошад. Ин афрод аз хурдӣ ба чанголи инструкторҳои созмонҳои даҳшатафкан афтода, аз 7 то 14 сол таълимот гирифта, мағзбохта мегарданд. Устодони ин марказҳои радикалтаълим тариқи таҳрифи оятҳо, ҳатто гипноз, хӯронидани пайвастаи маводҳои психотерапии нашъадори раҳмафкану хашмафзо, талқини бебақоии дунё, ваъдаи биҳишту ҳур, эҳсоси шадиди душман-кофарбадбиниро дар умқи майнаи онҳо ҷо дода, ниҳоят онҳоро ба камикадзе ё пешмарга табдил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *