Марз: Гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд
Тоҷикистону Қирғизистон тарҳи беш аз 17 километр марзи муштараки дигарро мувофиқа кардаанд.
Гуфта мешавад, ки мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 1 то 6 декабр дар шаҳри Бодканд баргузор шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, нақшаи вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, вохӯрии навбатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки нимаи моҳи ноябри соли равон раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев дар Душанбе масоили марзиро баррасӣ карда, протоколи ҷадидро имзо намудаанд.
Ҳоло миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак вуҷуд дорад. Аммо садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ