Вакилон ҳангоми баррасии буҷаи давлатӣ дар парлумон занозанӣ карданд (видео)

Вакилони Туркия дар парлумон ҳангоми баррасии буҷаи давлатӣ барои соли 2023 занозанӣ кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои ҷаҳон, бар асари ин задухӯрд яке аз вакилон аз сараш ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки муноқиша баъд аз моҷарои лафзӣ миёни вакилони ду ҳизб — “Адолат ва рушд” ва “Нек” сар задааст. Дар натиҷаи занозании гуруҳӣ Ҳусейн Орс, узви ҳизби “Нек” аз сараш ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтааст.

Пас аз ин муноқиша муовини раиси парлумон Ҳайдар Акар, ки дар он лаҳзаҳо раиси ҷаласа будааст, барои 10 дақиқа танаффус эълон мекунад.

Бояд гуфт, ки чунин ҳолат дар парлумони ин кишвар бори аввал нест. Соли 2021 вакилони турк дар бораи истифодаи ҳавопаймои хусусии як соҳибкор аз ҷониби вазир занозанӣ карда буданд.

Муноқиша баъд аз он сар зад, ки яке аз вакилони парлумон аз Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилӣ пурсид, ки чаро аз ҳавопаймои хусусии соҳибкори маҳаллӣ Сезгин Баран Коркмаз, ки ба шустушӯи пул муттаҳам аст, ҳангоми сафари хизматиаш истифода кардааст? Пас аз он, ки Сойлу суханони вакилро рад кард, миёни онҳо занозанӣ сар зад ва дар натиҷаи он вакил аз дасташ ҷароҳат бардошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *