Фестивал — намоиши чорво дар ноҳияи Данғара

Дар ҶДДМ «Бозори Каёнуш»-и ноҳияи Данғара «Фестивал — намоиши чорвои зотӣ» баргузор гардид. Ин фестивал ба хотири дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва таъмини бехатарии озуқаворӣ дар кишвар баргузор гардидааст.

Ба маълумоти Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар чорабинӣ аз хоҷагиҳои зотпарварӣ ва деҳқонӣ наздики 600 сар чорвои хушзоти гуногун, 2 тонна моҳӣ ва тухм аз Кумитаи бехатарии озуқавории кишвар ва муассисаҳои дахлдор, намунаи маҳсулот ва дастурамал барои парвариши зоти чорво ва маҳсулоти ширӣ ба намоиш гузошта шуд.

Салимзода Амонулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон гуфт, ки барои нигоҳ доштани сифати ирсии зоти парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ, такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои мавҷуда, инчунин офаридани зотҳои нави сермаҳсули чорво ҳоло дар ҳудуди вилоят 31 хоҷагии зотпарварӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла 12 хоҷагии парвариши чорвои калони шохдор, 14 хоҷагии чорвои майдаи шохдор, 4 хоҷагии асппарварӣ ва 1 хоҷагии моҳипарварӣ.

— Дар ин хоҷагиҳо 3 ҳазору 298 сар ҳайвони калони шохдор, беш аз 136 ҳазору 450 сар ҳайвони майдаи шохдор ва беш аз 400 сар асп парвариш карда мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имконият барои рушди соҳаи чорводорӣ, зотпарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ хеле зиёд аст. Ба ин хотир, бояд дар тамоми бахшҳои хоҷагидорӣ барои зиёд кардани саршумор эътибори ҷиддӣ дода шавад,- афзуд ӯ.

Дар охири «Фестивал — намоиши чорвои зотӣ» ба фаъолон ва беҳтарин хоҷагиҳои зотпарварӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *