Марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъйин шуданист?

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйину аломатгузории хати марзи ду кишвар 4-уми июл дар Бодканд машварат оғоз кардаанд.

Тибқи гуфтаи намояндаи махсуси Девони вазирони Қирғизистон доир ба корҳои сарҳад Назирбек Борубоев, ин ҷаласа то 9-уми июл идома ёфта, умед меравад, ки масъалаи марзӣ бар асоси пешниҳоди далелҳои ду ҷониб зуд роҳи ҳал пайдо карда, ба созиш расида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи ахири гурӯҳҳои кории ду кишвар аз 5 то 11-уми июни имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.

Дарозии сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 987 километр буда, аз он то ҳол танҳо 600 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос. Боқимонда 300 километри дигараш баҳсбарангез буда, аз ин сабаб сокинони ду тарафи марз барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳ, замин ва роҳ борҳо муноқиша карданд, ки он чанд бор ба задухӯрдҳои мусаллаҳонаву маргбор сабаб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *