Мошини мусофирбаре дар Душанбе чаппа шуд (видео)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз садамаи нақлиёти мусофирбаре дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ хабар дод.

Бино ба маълумоти манбаъ, нисфирӯзии 4-уми июл ронандаи мошини мусофирбари «Спринтер», рақамҳои қайдаш 4538ТТ09, аз они Изатулло Ҳакимов, ки дар хатсайри №88 ба мусофирбарӣ машғул будааст, дучори фалокат шудааст.

Тибқи санҷиши кормандони БДА номбурда ҳангоми дар кӯчаи Н. Қарабоев ҳаракат кардан аз қатори дуюм ба самти чап гардиш намуда, ба мошини «Тайота Кемрӣ», рақамҳои қайдаш 0019ZJ01, ки бо роҳи худ ҳаракат доштааст, бархӯрдааст. Дар натиҷа мошини «Спринтер», ки дар дохилаш мусофирон ҳузур доштаанд, чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, ки талафоти ҷоние нест ва ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *