Марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон дар Панҷакент боз мешавад

Овозаҳо дар мавриди боз шудани марзи байни Панҷакенту Самарқанд дар байни мардум идома доранд. Аммо тавре, ки сомонаи tajikistantimes.tj аз як манбаи  боваринок хабар ёфт, ин танҳо овоза набуда, воқеият дорад.Зеро дар ҳукумати Панҷакент ва дар он тарафи сарҳад  ба пешвози роҳбарони олиқадр дар маросими кушодашавии гузаргоҳи гумрукии Саразм-Ҷартеппа тайёриҳо идома доранд.  Дар расми ифтитоҳи ин гузаргоҳ раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев иштирок хоҳанд кард Тахмин меравад,ки  ҳарду роҳбарон Наврӯзро ҳам якҷоя дар Панҷакент қайд кунанад.

Қаблан як манбаъи дигар  аз Кумитаи гумруки назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар ҳоли ҳозир дар воқеъ барои гумрукчиёни водии Зарафшон дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм 10 воҳиди корӣ ҷудо шудааст ва пас аз кушода шудани гузаргоҳ ин 10 нафар ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Ин манбаъ аз Кумитаи гумруки назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар соли 2018 кушодашавии гузаргоҳи гумрукии Панҷакент дар нақша ҳаст.

Дар баробари иродаи президентҳои ҳар ду кишвар, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ҳам хоҳони боз шудани ин нуқтаи марзӣ мебошанд. ки Бонки Осиёии Рушд аз ин ҷумла аст. Бо 100 миллион доллар маблағгузории грантии ин бонк таҷдиду азнавсозии роҳи автомобилгарди Айнӣ – Панҷакент сурат гирифт ва Бонки осиёӣ, кушодани нуқтаи марзиии Саразмро дар созишномае байни ҳукумати Тоҷикистон баён дошта буд.

 Дар ҳоли ҳозир, дар гузаргоҳи марзӣ, терминали сарҳадӣ сохта шуда, ҳанӯз ба истифода дода нашудааст. Дар водии Зарафшон ягона гузаргоҳи гумрукӣ байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекиситон гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразмро мавҷуд аст, ки ҳанӯз ҳануз барвақт баста шудааст. Қаблан миёни гузаргоҳҳои доимӣ амалкунанда дар рӯйхат барои бастани созишнома миёни ҳукуматҳои ҳар ду кишвар нуқтаи гумрукии «Саразм » низ буд. Аммо як масъули хадамоти гумрук мегӯяд, ки собиқ раиси вилояти Суғд  Раҳбар Қосимов монеи кушода шудани ин нуқтаи гумрукӣ гашт. Ин амал аз ҳадафҳои собиқ раиси вилояти Суғд бармеомад. Ӯ мақсад дошт, ки роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз тариқи шаҳри Хуҷанд убур  кунанд ва вай  ҳамчун ҳокими мутлақ тамоми тиҷоратро таҳти назорат қарор диҳад.  Бо дахолати ӯ,  мегӯянд ҳолдонон, ҳангоми пешниҳод ба Ӯзбекистон аз рӯйхат нуқтаи гумрукии «Саразм» бардошта шуд. Ҳамон давра мардуми аз асли воқеа бехабари водии Зарафшон барои кушодани ин гузаргоҳ ба собиқ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов мактуби саркушода навишта буданд. Вале ин роҳ, ки Роҳи абрешим шинохта мешавад, то ҳануз роҳи ҳалли  худро наёта буд.

Канда шудани водии «Зарафшон» аз роҳи транзитӣ яке аз омилҳоии пастравии сатҳи иқтисодиёти ин водӣ ва гарон гаштани нақли  интиқоли молҳо ба пойтахти кишвар гашт.Сарҳади давлатии байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 1332,9 километр дарозӣ дорад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *