Зайниддинов  “ғами” саломатии  мардумро мехурад

«NGN аз ҳисоби бесифат буданаш истифодабарандаи зиёд надорад. NGN алоқаи арзон нест, алоқаи пастсифат аст, чун ҳам аз ҳисоби трафики Интернет ва ҳам аз ҳисоби дақиқаи истифодашуда маблағ меситонад. Гаперо, ки дар як дақиқа мегӯед, дар 10 дақиқа зада наметавонед. Дар натиҷа маблағи зиёд сарф мешавад. Зиёд гап мезанед ва он ба саломатӣ зарар мерасонад.”-гуфтааст Авазхон Зайниддинов, сардори Раёсати назорати Хадамоти алоқа ба хабарнигорон . Ана инро ғамхорӣ нисбати шаҳрвандон мегӯянд. Ҷанобони  мӯҳтарам на танҳо вазифаи хидматии худро бо сарбаландӣ иҷро мекунанд, балки саломатии сокинонро низ ҳифз мекунанд. Барои чунин “ғамхорӣ” нисбати мардум онҳоро бояд табрик кард, на ин ки танқид.Ана, аз дирӯз ин ҷониб, яъне аз  4 январ истифодаи Вайюбер низ  барои сӯҳбатҳои садоиву телефонӣ дастнорас шудааст. Бо Вайбер ҳоло муштариён метавонанд фақат матну акс бифиристанд. Ин ҳам як “ғамхории “ навбатӣ нисбати сокинон аст, ки минбаъд гӯши онҳо эҳтиёт карда мешавад. Яъне  аз тариқи Вайбер танҳо дидаю хонда метавонанд. Агар ин навбат “ғами” саломатии чашмҳои  моро хуранд, он гоҳ хизмати эшон аз Вазорати тандурустӣ ҳам бештар хоҳад шуд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *