Масҷиди калламушҳо

Ҳиндустон кишвари пурмуаммо ва асрорангез аст. Дар иёлоти Раҷистони ин кишвар ибодатгоҳи ғайриодие вуҷуд дорад, ки дар он калламушҳо ҳокими мутлақ ҳастанд.

Ҳазорҳо зиёраткунандагон ба Карни Мата сафар мекунанд, то ки аз як табақ бо калламушҳо хӯрок хӯрда, аз як коса бо ин ҷонварони манфур об нӯшанд.

Дар назди ибодатгоҳ дӯконҳои сайёр-аробаҳое мавҷуданд, ки аз он барои калламушҳо ширу хӯрданиҳои лазиз харида, ба калламушҳо медиҳанд.

Мабодо ҳангоми сайругашт дар ибодатгоҳ нафаре ягон калламушро бо пояш зер карда ба ҳалокат расонад, бояд ба ибодатгоҳи мазкур ҳамин гуна калламуши аз тилло ё нуқра сохташударо ҳадя намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *