Масъалаи гузариши Мбаппе ҳал мешавад
Масъалаи тарки “ПСЖ” кардану ба “Реал Мадрид” гузаштани футболбози фаронсавӣ Мбаппе моҳҳост давом дорад ва то ҳол номаълум боқӣ мемонад.
Футболбоз мехоҳад як мавсими дигар дар бошгоҳ монад ва соли оянда ройгон ба “Реал Мадрид” гузариш кунад. Роҳбарияти “ПСЖ” бошад, чунин футболбози гаронарзишро ройгон намедиҳанд ва тасмим гирифтаанд, ки имсол ӯро фурӯшанд.
Мусобиқаи Лигаи як рӯзи 12-уми август расман оғоз мегардад ва роҳбарияти бошгоҳи “ПСЖ” ният доранд то саршавии мавсим масъалаи Мбапперо ҳал кунанд. Бинобар хабарҳои расида, масъалаи гузариши футболбоз ба “Реал Мадрид” аллакай миёни роҳбарияти ин ду бошгоҳ маслиҳат шудааст.
Дар аввал “ПСЖ” арзиши гузаришро 250 миллион евро муайян карда буд, вале тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ дар музокироти ҳайати дастаҳо ин нарх поён фароварда шудааст.
Интизор мешавем, ки дар чанд рӯзи оянда чӣ хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ