Коргоҳи мурғпарварӣ дар истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Ромит”

Бо мақсади таъмин намудани истироҳаткунандагон бо маҳсулоти хушсифат ва парҳезӣ дар Муассисаи давлатии “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Ромит”-и шаҳри Ваҳдат” бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода коргоҳи мурғпарварӣ ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар расми кушодашавии коргоҳ ҳамзамон роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар масъулин иштирок намудаанд.

Тавре иттилоъ дода шудааст, дар коргоҳи мазкур дар басти аввал се ҳазор мурғи гӯштӣ ба парвариш фаро гирифта шуда, онҳо пас аз 45 рӯз барои забҳ ва истеъмол намудан омода мешаванд.

— Масъулин нақша доранд, ки аз ин коргоҳ дар як вақт то 8 тонна гӯшти мурғи баландсифати парҳезӣ ба даст оранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *