Дари баста боз шуд, ҷавон аз лифти харобшуда наҷот ёфт

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дари бастаеро боз кардаанд, ки дар дохили он хона духтарчаи дусола танҳо монда будааст.

Бино ба иттилои КҲФ, як сокини кӯчаи ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумита занг зада, хабар додааст, ки дараш баста шудаву вориди хона шуда наметавонад ва дар дохил духтари дусолааш танҳост. Наҷотдиҳандагон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии таҷҳизоти махсус дари манзили ин хонумро боз кардаанд.  

Ҳамчунин, имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе як ҷавонеро аз дохили лифти харобшуда наҷот додаанд.

— 9-уми августи соли равон соати 12:13 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар дохили лифти харобшудаи хонае воқеъ дар кӯчаи А. Ғуломов 41 як нафар дармондааст. Барои кумак дастаи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. Маълум шуд, ки як сокини 21-сола ҳамгоми бозгашт аз кӯча дохили лифт шудаву он миёни ошёнаҳо аз кор мондааст. 15 дақиқа лозим шуд, ки имдодгарон бо истифода аз таҷҳизоти махсус лифтро боз кунанд ва ин ҷавонро аз он берун кунанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *