Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора баррасӣ шуд

12 декабри соли равон дар Бодканд мулоқоти Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев барои муайянсозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев хостори таҳкими кор барои муайянсозии марз шудаанд.
Зимни мулоқот роҳбарон натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар дар соли 2023 баррасӣ намуда, доир ба пурзӯр намудани корҳо оид ба анҷом додани таъйини хати гузаргоҳи лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *