Масчоҳ: Апа ба рӯи хоҳар кислота пошид
Хабари дар Масчоҳ ваҳшиёна ба қатл расидани хоҳар аз тарафи апа тамоми сокинони кишварро нигарон намуд.
Ба гуфтаи сокинони деҳаи Ҳадишаҳри ҷамоати Оббурдон ин ҳодиса се рӯз пеш дар ҳавлии падари қотил рух додаст.
Як сокини ин деҳа, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, гуфт, ки сабаби муноқишаи апаву хоҳар дар рашки хонумонсӯзи апааш аст, ки хоҳарашро бо шавҳараш рашк намуда, бо як сухани беасоси шавҳараш, ки гӯё гуфта бошад: «Хоҳарат сафедаки тоза аст ва туро мисли ӯ ягон бор бо бӯйи хуш намебинам» оташи рашки апаро аланга дода, субҳи 28-ми январи соли ҷорӣ ба хонаи падараш омада, бо туҳмат ҳамроҳи бародаронаш хоҳари 18-солаашонро лату кӯб намуда, баъдан ба сару рӯяш кислота рехта ӯро куштаанд. Ин хабар дар як дам мардуми Масчоҳи навро нигарон намуд ва хабар дода шуд ба мақомотҳои дахлдор, ки айни ҳол аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида истодааст,- гуфт мавсуф дар охири сӯҳбати телефонӣ.
Қайд кардан ба маврид аст, ки оиди ин ҳодисаи мудҳиш дар шумораҳои наздиктарини ҳафтаномаи «Оила» тафсилоти бештарро хонда метавонед.
Р. Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ