«Ҳосилот» дар финали Ҷоми Федератсия!

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор 28 январ ҳайати ҷавонони «Истиқлол» (Душанбе)-ро дар марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Б» бо ҳисоби калони 7:0 шикаст дода, пеш аз муҳлат ба финали мусобиқаи мазкур, ки аз 10 то 19 феврал дар пойтахт мегузарад, роҳхат гирифт.
Дар ин вохӯрӣ футболбозони ботаҷрибаи фархорӣ бартарии кулл зоҳир намуда, ба дарвозаи истиқлолчиён 7 тӯби беҷавоб заданд. Шодибек Ғаффоров ду гол зада, дубл кард. Муаллифони 5 голи дигар Сайриддин Ғаффоров, Агблей Ҷонс, Ойбек Абдуғаффоров, Абдусамад Ҳоҷибаев ва Баҳром Изомов гардиданд.
(Бояд зикр намуд, ки ҳайати асосии Чеминони чандинкаратаи Тоҷикистон беш аз як моҳ аст, ки дар Туркия ба мусобиқаи бонуфузи КФО омодагӣ мебинад. Даста дар се бозии назоратӣ ба «Интер»-и Озарбойҷон (1:2), «Қайсар»-и Қазоқистон (1:3) ва «Пандурий»-и Руминия (0:1) мағлуб шуд).
Дар вохӯрии дигар «Хайр»-и Ваҳдат «Барқчӣ» — Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт.
29 январ бозиҳои охирини марҳилаи пешакии минтақаи Душанбеи Ҷоми ФФТ байни дастаҳои «Ваҳдата» — и Ваҳдат ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Регар-ТадАЗ»- и Турсунзода ва КМВА «Помир»-и Душанбе барпо шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *