Зӯроварии занон нисбат ба мардон бештар мешавад?

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо дар нишасти матбуотии мақомоти бонувони кишвар инчунин иброз намуд, ки дар соли 2016 худи ӯ 1020 шаҳрвандонро қабуд кардааст. Аз ин шумора 89 нафараш мард будаанд. Муовинони раиси кумита бошанд, арзу шикояти 8 нафар мардро шунидаанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони кумита муроҷиати шифоҳии 967 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки 96 нафарашон мард мебошанд. Зӯроварӣ нисбат ба мардон дар оила 36 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 4 ҳолат зиёд аст.
Яъне мушкилоти гендерӣ, аз ҷумла пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки ташкилоти ғайриҳукуматӣ бо маблағгузориҳои зиёд дар кишвар солҳо боз роҳандозӣ доранд, ошкор намудааст, ки занони тоҷик низ дар зӯровариҳои оилавӣ пешгом шуда истодаанд.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *