Мастчоҳиён дар Ӯзбекистон барои фарзандонашон мактаби тоҷикӣ месозанд

Мастчоҳиёни Ӯзбекистон барои худ мактаби тоҷикӣ бунёд мекунанд.

Мардуми деҳаи Иштошуни (Истошон) ноҳияи Букаи кишвари Ӯзбекистон, ки аслан ҳама масчоӣ ҳастанд, бо тариқи ҳашар ва дастаҷамъӣ барои худ мактаби тоҷикӣ бунёд карда истодаанд, хабар медиҳад дар саҳифаи Фейсбукияш  Фитрат Ҳикмат

Маблағи лоиҳавии сохтмони ин мактаб, ки наздик ба 3 миллион сомонӣ гуфта мешад, пурра аз ҳисоби худи мардуми ин деҳа аст. Ба ҳар сари хонавода тақрибан 10 ҳазор сомонӣ рост меояд. Сохтмони мактаб беш аз ду моҳ аст, ки идома дорад ва ҳама рӯза дар кори сохтмони он аз 150 то 200 нафар иштирок мекунад. Бинокорон ҳама ройгон кор мекунанд ва касе ҳаққи хидмат намегирад.

Аҷобаташ дар он аст, ки ҳар рӯз дар кори сохтмони ин мактаб ҷавонмардоне, ки дар як сол таваллуд шудаанд, иштирок мекунанд, фардо дигар синну сол, пасфардо дигар…Масалан, як рӯз мардони соли таваллудашон 1980, фардои дигар таваллудшудагони соли 1981 ва ҳамин тарз то соли 2002-03.

Ин мактаб барои 350-400 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Мардуми Истошон кӯшиш доранд сохтмони ин мактабро то соли нави таҳсил ба анҷом расонанд ва дар рӯзи якуми сентябр онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Боварии комил дорам, ки мардуми ғаюру миллатдӯсти Истошон бо ин неруи қавие, ки доранд, иқдоми пешгирифтаашонро сарбаландона ба анҷом мерасонанд. Насиб бошад дар ифтитоҳи ин мактаб иштирок мекунем!

Хаста набошед, мардони ғаюр!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *