Хабарнигори руси дар Қазоқистон боздоштшударо раҳо карданд

Хабарнигори ғайриштатии шабакаи телевизионии Russia Today Станислав Обишенко, ки дар Қазоқистон боздошт гардида буд, раҳо шудааст. Дар ин бора RT хабар медиҳад.

Қаблан коргардони RT Михаил Краснов гуфта буд, ки Обишенко рӯзи 8-уми январ ҳангоми наворбардории техникаи низомӣ дар майдони Алмаато аз ҷониби низомиён боздошт шудааст. «Мошин бо низомиён пайдо шуд, ӯро ба зону шинонда, бо автоматҳо таҳдид ва маҷбур карданд, то ба мошин шинад»,- зикр карда буд ӯ.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфта буд, ки ин ниҳод аз боздошти рӯзноманигор огоҳ шуда, вазъро таҳқиқ мекунад. Консулгарии генералии Русия дар Қазоқистон гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳодиса бо кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон дар тамос аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *