20 ҳазор террорист дар ошӯбҳои Алмаато даст доштаанд

Ҳамлаҳоро ба Алмаато дастикам 20 ҳазор террорист анҷом додаанд. Ҳамзамон дар маҷмӯъ ҳадди ақал шаш мавҷи ҳамла вуҷуд дошт, чунин изҳоротро раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев баён дошт.

Вай инчунин таъкид кард, ки роҳзаноне, ки дар ҳудуди ҷум ҳурӣ амал мекунанд, «хеле хуб тайёр ва муташаккил буданд». Ба гуфтаи Тоқаев, ҳамаи ин террористҳо аз як марказ фармоиш гирифтаанд. Вай афзуд, ки ҳукумати Қазоқистон бо ҷинояткорон музокира нахоҳад кард.

Паёми дахлдор дар саҳифаи расмии президент дар Твиттер нашр шудааст. «Баъзеҳо забони қазоқиро намедонистанд. Дар Алмаато дастикам шаш мавҷи ҳамлаҳои террористӣ рух дод, ки шумораи умумии онҳо 20 ҳазор нафарро ташкил дод”, — гуфт Тоқаев.

Илова бар ин, сарвари давлат қаблан хостори таъсиси як гурӯҳи тафтишотӣ барои муайян кардани сабабҳои ошӯб дар Қазоқистон шуд. Тоқаев ҳамчунин амалиёти зиддитеррористӣ барои рафъи таҳдидҳо ба амнияти миллӣ, инчунин ҳифзи ҳаёт ва моликияти шаҳрвандон ташкил кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *