Машқҳои муштараки Тоҷикистону Русия
Дар Тоҷикистон рӯзи 14 июл машқҳои муштараки се ҳазор низомии Русия ва Тоҷикистон шурӯъ шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, ки ин нахустин макшқҳоест, ки омодагии фаврии низомиёнро ба амалиёти ҳарбӣ мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ёвари фармондеҳи нирӯҳои Округи марказии низомӣ Ярослав Рошупкин дар сӯҳбат бо хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, ки машқҳо дар шароити кӯҳистони тамрингоҳҳои Лоҳур ва Ҳарбмайдон бо ҷалби нирӯҳои ҳавоӣ баргузор мешаванд. Ин машқҳо зери назари фармондеҳи нирӯҳои Округи марказии низомӣ генерал-полковник Владимир Заруднитский ва аз ҷониби Тоҷикистон – аз тарафи раиси ситоди нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-майор Эмомалӣ Собирзода баргузор мешаванд. Барои ширкат дар машқҳо чаҳор ҳавопаймои ҷангии Су-25СМ аз пойгоҳи низомии Канти Қирғизистон ва бомбафканҳои пойгоҳи Шагол дар Челябинск ҷалб шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ