Додраси Ришвахӯрро ба додгоҳ мекашанд

Тоҷиддин Қурбониён, додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷ, расман ба гирифтани ришва муттаҳам шуд. Мақомоти Додгоҳи вилояти Хатлон гуфтанд, ки алайҳи Қурбониён бар асоси моддаи 319-и қонуни ҷиноӣ, яъне “гирифтани пора аз ҷониби афроди мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав дар намуди пул ва коғазҳои қиматнок” парванда боз шуда, худи ӯ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодист.

Дар Идораи мубориза бо фасоди вилояти Хатлон мегӯянд, ки Тоҷиддин Қурбониён рӯзи 22-юми июни имсол бо иттиҳоми гирифтани “пора” боздошт шуда, сипас, ба шарти тарк накардани маҳалли зист аз боздошт раҳо шуд. Як манбаъ дар ин ниҳод гуфтааст, Тоҷиддин Қурбониён дар чанд ҳолати гирифтани ришва муттаҳам мешавад, аммо дар ҳолати ахир аз ӯ даҳ ҳазор сомонӣ ё каме беш аз ҳазор доллар гирифта шудааст. Ин манбаъ ҷузъиёти бештарро ироа накард, аммо гуфт, ки ин маблағро асосан “барои дахолат ба парвандаи як сокини ноҳияи Панҷ” гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *