Машқҳои низомӣ дар Суғд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба баргузории машқҳои «сафарбаркунии нерӯҳо ва таъмини амният» дар вилояти Суғд омодагиро оғоз кардааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод 7 август  гуфтааст, ки ба ин манзур аз қисмати марказии Тоҷикистон ба шимоли кишвар техникаи низомӣ бо шумули танкҳову зиреҳпӯшҳо интиқол дода мешаванд. Вай гуфт, ки тобистони соли ҷорӣ машқҳои мушобеҳ дар вилояти Хатлону Бадахшон баргузор шуда буданд ва акнун чунин тамринот дар вилояти Суғд доир мешаванд. Вай афзуд, ки қарор аст ин машқҳо дар нимаи дувуми моҳи август сурат бигиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *